Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адовати қавмӣ дар Русия афзоиш меёбад


Соли гузашта дар Русия бар пояи адовати қавмӣ 300 ҳамла сурат гирифтааст. Ба иттилоъи раиси Бюрои дифоъ аз ҳуқуқи башари Маскав Александр Брод, бар асари ин ҳамлаҳо 122 нафар кушта шуда, 377 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар як нишасти хабарӣ дар Маскав Александр Брод гуфт, ки дар Русия тайи чаҳор соли ахир ҳамлаҳо бар пояи адовати қавмӣ чаҳор карат афзоиш ёфтааст. Раиси кумитаи амнияти Думаи давлатии Русия Владимир Василев гуфт, ки ин ҳамлаҳо - кори дасти миллатгароҳои аз 14 то 21-солаи рус аст. Гуфта мешавад, ки соли гузашта аз ҳама бештар шаҳрвандони ду кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон ва Узбакистон мавриди ҳамлаи нажодпарастони рус қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG