Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯи барқ аз боду офтоб


Ширкати олмонии «Гопа», ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад, мутмаин аст, ки мушкили энержии ин ҷумҳуриро бо истифода аз сарчашмаҳои алтернативӣ ҳал кардан мумкин аст.

Гералд Ягода, раҳбари гурӯҳи «Гопа» дар Тоҷикистон мисол овард, ки дар Душанбе батареяҳои офтобиро метавон болои бом ва ё намои хона насб кард. Ҷаноби Ягода барои гарм кардани хонаҳо гармии зеризаминӣ ва барои рӯшноӣ нерӯи офтоб ва бодро пешниҳод дорад.

Бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ аллакай дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ истифода аз нерӯи офтоб ва бодро ба роҳ мондаанд. “Замини хурд” дар бархе аз минтақаҳо мактабу гармхонаҳоро бо барқи офтобӣ таъмин кардааст. Тимур Идрисов, раиси ин созмон мегӯяд, ин нерӯи тоза ва бехатар аст.

Дар ҳамин ҳол, Уғулой Хоҷаева, собиқ муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» гуфта буд, истифодаи нерӯи офтоб ва бод барои Тоҷикистон судманд нест ва сохтани нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ арзонтар аст. Аммо Қурбонҷон Кабутов, раиси Маркази пажӯҳиш ва баҳрабардорӣ аз сарчашмаҳои алтернативии энержӣ, ба ин назар мувофиқ нест ва мегӯяд, агар танҳо маблағи симчӯб ва ноқилҳои интиқоли энержӣ ҳисоб шаванд, аз қимати батареяҳои офтобӣ ду баробар зиёд мешаванд.

Ба гуфтаи коршиносоне, ки дар ин мизи гирд ширкат доштанд, имрӯз ё фардо мардуми Тоҷикистон ба истифода аз нерӯи офтоб ва рӯ меоранд, Ба ин далел, ки мунтазам қимати нерӯи барқ боло меравад ва имкони пардохти он барои мардуми оддӣ мушкил мешавад.
XS
SM
MD
LG