Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷуҳи Думаи Давлатӣ ба қазияи куштори Меркелов


Думаи Давлатии Русия ба кумитаи амнияти худ амр кард, ки ба Додситонии Кулл дар мавриди ҷараёни бозрасии тафтиши куштори вакили мудофеъ Станислав Меркелов ва хабарнигор Анастасия Бабурова дархост ироа кунад. Вакилони парлумон мехоҳанд бо рафти тафтишоти ин ҳодиса ва чораҳои ҳукумат ба хотири таъмини амнияти додрасҳо, кормандони ҳифзи тартибот, вакилони мудофеъ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ошно шаванд.
Ёдовар мешавем, Станислав Маркелов, вакили дифоъи хонаводаи Элза Кунгаева, як духтари аз сӯи афсари рус Юрий Буданов ба қатл расидаи чечен, шоми душанбе дар маркази шаҳри Маскав ҳадафи тир қарор гирифт. Дар ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони Маркелов хабарнигор Анастасия Бабурова ҷароҳат бардошт ва баъдан дар бемористон аз олам даргузашт. Ин ҳодисаро Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар шадидан маҳкум карданд ва хостори боздошту муҷозоти қотилон шуданд.

XS
SM
MD
LG