Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Зарифӣ аз камобӣ дар Осиёи Марказӣ


Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳушдор дод, ки эҳтимолан имсол кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ дучори камобӣ хоҳанд шуд. Ба қавли вазир, бинобар муттавақиф шудани интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ва норасоии нерӯи барқ дар кишвар ҳоло нерӯгоҳҳои барқии обии Тоҷикистон ба ҳадди тавони хеш кор карда ва захираҳои обанборҳоро зиёд истифода мебаранд. Ба гуфтаи Ҳамроҳхон Зарифӣ, ҳоло оби обанборҳои ду нерӯгоҳи муҳими кишвар, Норак ва Қайроқум ба таври максималӣ барои тавлиди нерӯи барқ истифода мешавад ва тобистон лозим меояд, то об аз нав дар онҳо захира шавад. Дар ин сурат эҳтимол дорад, ки об ба кишварҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбакистону Қазоқистону Туркманистон камтар ҷорӣ шавад, ки арсаи кишоварзиашон пойбанди рӯдхонаҳои Тоҷикистон аст. Тоҷикистон дорои бештар аз 50 дар сади захираҳои об дар Осиёи Марказӣ мебошад.


XS
SM
MD
LG