Пайвандҳои дастрасӣ

Кумаки Ҷопон барои ҳифзи ёдгориҳои Тоҷикистон


Ҳукумати Ҷопон ба Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ба маблағи тақрибан 88 ҳазор доллар кумаки ройгон мекунад. Қарордод дар ин бора аз сӯи раиси Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Раҳим Масов ва кафили сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ёшихиро Накаяма имзо хоҳад шуд. Чанд сол пеш ҳукумати Ҷопон барои ҳифзи ёдгориҳои таърихи Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон 460 ҳазор доллар ҷудо карда буд.

XS
SM
MD
LG