Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Укроин ва Русия мувофиқатномаи газ имзо мекунанд


Юлия Тимошенко-нахуствазири Укроин барои имзои мувофиқатномаи миёни Русия ва Укроин дар бораи тарнзити газ вориди Маскав шуд. Имрӯз Укроин ва Русия мувофиқатномае имзо мекунанд ва тибқи он интиқоли гази Русия ба Аврупо тавассути Укроин дубора оғоз мешавад. Влодимир Путин-нахуствазири Русия ва Юлия Тимошенко-нахуствазири Укроин рӯзи якшанбе муқаррароти ин мувофиқатномаро эълон карданд, ки дар чаҳорчӯбаи он интиқоли газ ба Аврупо ба зудӣ оғоз мешавад. Сергей Куприянов-сухангӯи ширкати Газпром дар Маскав ба рӯзноманигорон гуфт:

"Тибқи тавофуқоти раҳбарони ҳукуматҳои Русияву Укроин Газпром ва Нафтогаз санадҳоро барои имзо омода мекунанд, ки он заминаи таъмини газ ба муштариён дар Укроин ва тронзити газ ба Аврупоро фароҳам меорад".

Тибқи ин мувофиқатнома ҷониби Укроин аз соли 2010 барои гази Русия бо нархи аврупоӣ пардохт мекунад, вале имсол барои газ 20 дарсад камтар пардохт хоҳад кард. Муқаррароти аслии ин мувофиқатномаро бояд ширкатҳои гази ҳар ду кишвар ба тавофуқ расонанд.

XS
SM
MD
LG