Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаҳон аз оташбас дар Ғазза пуштибонӣ мекунад


Раҳбарони Аврупову ҷаҳони Араб имрӯз ба зарурати қатъи қочоқи аслиҳа ба навори Ғазза ва боз кардани марзҳои ин сарзамини фаластинӣ барои интиқоли кӯмакҳои башарӣ таъкид карданд. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ, ки дар пайи як нишаст дар шаҳри Шарм-ул-Шайхи Миср сӯҳбат мекард, Исроилро ба хуруҷ аз сарзаминҳои фаластинӣ ва ҷангиёни фаластиниро ба қатъи ҳамлаҳои мушакӣ даъват кард. Сарвазири Бритониё Гордон Браун гуфт, кишвараш бар иловаи кӯмакҳои афзояндаи молӣ, метавонад дар амри таҳвили маҷрӯҳон ба бемористонҳо, эъмори муҷаддади иншооти тахрибшуда дар Ғазза ва хунсо кардани бамбҳои нотаркида низ мусоидат кунад. Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос оташбасро нокофӣ номида, гуфт, бояд гузаргоҳҳои марзӣ ба хотири таҳвили кӯмак ба мардуми Ғазза низ боз карда шаванд. Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс гуфт, Амрико интизор дорад, ки ҳамаи ҷонибҳои зидахли низоъи Ғазза аз идомаи ҳамалот ва иқдомоти душманона билофосила даст хоҳанд бардошт.
XS
SM
MD
LG