Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми қаҳрамонҳои футболи СНГ оғоз ёфт


Имрӯз дар Маскав мусобиқоти навбатӣ ба хотири дарёфти Ҷоми қаҳрамонҳои футболи Иттиҳоди кишварҳои ҳамсӯд оғоз ёфт. Дар сабқати имсола қаҳрамонҳои футболи 15 кишвари шӯравии собиқ ва тими “Интер” аз Финдландия ширкат меварзанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот қаҳрамони соли гузаштааш – тими “Регар –ТАДАЗ” намояндагӣ мекунад. “Регар-ТАДАЗ” рӯзи шанбе дар нахустин даври Ҷоми СНГ бо тими “Левадия” – қаҳрамони футболи Эстония вориди рақобат шуд. Даври аввали ин бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ҷоми қаҳрамонҳои футболи кишварҳои муштаракулманофеъро соли гузашта тими “Хазар” аз шаҳри Ленкорани Озарбойҷон соҳиб шуда буд.
XS
SM
MD
LG