Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар пойтахти Литва


Имрӯз ҳазорҳо сокинони шаҳри Вилнюс алайҳи барномаи иқтисодии ҳукумати Литва ва боло рафтани андозҳо эътироз карданд. Эътирозгарон, ки теъдоди онҳо тақрибан 5 ҳазор нафар буд, дар назди бинои парлумон ҷамъ омаданд ва баъдан тавассути хиёбони марказӣ сӯи бинои ҳукумат раҳсипор шуданд. Чанд рӯз пеш дар кишвари ҳамсоя – Латвия ҳамин гуна намоиши эътирозӣ ба задухурд бо полис печида буд. Бар асари он дасти кам 40 нафар, аз ҷумла, чанд корманди полис ҷароҳат бардоштанд. Кормандони ҳифзи тартибот тақрибан 100 нафар аз ширкаткунандагони тазоҳуротро боздошт карданд. Дар София - пойтахти Булғористон низ намоиши зиддиҳукуматӣ бо бархурди полис ва эътирозгарон анҷом ёфта буд.

XS
SM
MD
LG