Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бӯҳрони газро бо Меркел баррасӣ мекунад


Имрӯз раҳбари ҳукумати Русия Владимир Путин дар Берлин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел барои баррасии баҳси сари мушкили интиқоли газ ба Аврупо дидору мулоқоте анҷом медиҳад. Рӯзи панҷшанбе Меркел гуфт, ки Русия метавонад бо ин ҳол обурӯяшро аз даст диҳад. Мулоқоти Путину Меркел дар Берлин дар ҳоле баргузор мешавад, ки рӯзи шанбе дар Маскав қарор аст нахуствазирони Русияву Украина барои баррасии бӯҳрони баамаломада мулоқот кунанд. Иттиҳодияи Аврупо вазири энержии ҷумҳурии Чех ва комиссионери аврупоиро барои ширкат дар ин нишаст сафарбар хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, дафтари нахуствазири Бритониё дар изҳороте гуфтааст, ки Гордон Браун аст бо раиси ҷумҳурии Украина Виктор Юшенко дар Лондон барои баррасии бӯҳрони баамаломадаи газӣ мулоқот мекунад.
XS
SM
MD
LG