Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Бан Ки Мун ба Ховари Миёна


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, ки вай ба Ховари Миёна меравад, то ки Исроил ва Ҳамосро барои хатми даргириҳо водор карда имкони вуруди кӯмакҳои башариро ба Ғазза фароҳам оварад. Бо изҳори таассуфи амиқ аз нодида гирифта шудани қатъномаи Шӯрои амният аз ҳарду ҷониб, Бан гуфт, ки вай талошҳои дипломатиро ба хотири хатми амалиёти ҳавоии Исроил ва мушакандозиҳои Ҳамос вусъат мебахшад. Рӯзи чоршанбе қарор аст дабири кул ба Мисру Урдун сафар карда, баъдан ба Исроил, Туркия, Лубнон, Сурия ва Кувайт, барои ширкат дар нишасти вижаи Лигаи кишварҳои Араб оид ба масъалаи Ғазза биравад. Қарор аст сафари Бан Ки Мун ба минтақа то 20 январ, яъне рӯзи баргузории маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳурии нави Амрико Барак Обама идома кунад. Бан гуфтааст, ки аз Обама тақозо хоҳад кард то ки масъали сулҳи Ховари Миёнаро ба ҳадафҳои аслии сиёсати хориҷии худ табдил кунад.
XS
SM
MD
LG