Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш аз Конгресс қисми 2 кӯмакҳоро дархост кард


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш аз номи президенти мунтахаб Барак Обама расман аз Конгресс дархост кард, ки як қисмате аз барномаи наҷоти иқтисоди кишварро дар ҳаҷми 350 миллиард доллар тахсис бидиҳад. Обама аз Конгресс ин маблағро чун бахши ниҳоии барномаи наҷот аз бӯҳрони молӣ дархост кардааст. Обама ва гурӯҳи иқтисодии вай розӣ шуданд, ки дар барномаи наҷоти иқтисодӣ баъзе маҳдудиятҳо ва тағйироте ҷорӣ шавад. Конгресс бояд дар давоми 15 рӯзи дигар ба дархости раиси ҷумҳурӣ посух диҳад.
XS
SM
MD
LG