Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА: "Русия дигар далел надорад"


Иттиҳодияи Аврупо гуфт, акнун барои Русия далеле боқӣ намонда, ки интиқоли газаш ба Аврупо аз сар нагирад. Русия шоми якшанбе эълон кард, ба далели тағйироте, ки Украина ба матни қарордоди сегонаи транзити газ ворид кардааст, аз иҷрои он даст мекашад. Вале Украина рӯзи душанбе он қарордоди бо миёнҷигии ИА таҳияшударо бидуни кадом шарти изофӣ аз нав имзо кард. Мартин Риман, вазири саноати Чехия, ки кишвараш раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, имрӯз дар Брукселл гуфт: “Ман маълумоте дар даст дорам, ки субҳи имрӯз Украина созиши пешниҳодшударо аз нав ва бидуни эъломия имзо кард. Ба ин тартиб, шартҳои пешгузоштаи Русия акнун пурра иҷро шудаанд ва Русия дигар далеле надорад, ки интиқоли газро билофосила аз сар нагирад.” Русия интиқоли газ ба Украинаро аз 1 январ ва содироти газаш ба Аврупо тавассути хоки он кишварро аз 7 январ ба далели дар Украина дуздӣ шуданаш қатъ кард. Ин иқдом ҳазорон нафарро дар Аврупо дар ин рӯзҳои сарди зимистон бидуни оби гарму гармӣ боқӣ гузошт.
XS
SM
MD
LG