Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Миллионере аз вайрона" соҳиби 4 "Кураи тилоӣ" шуд


Филми “Миллионере аз як вайрона”, ки коргардони бритониёӣ Деннӣ Бойл дар Мумбайи Ҳинд ба навор бардоштааст, 4 ҷоизаи имсолаи “Кӯрраи тилоӣ”-ро бо худ бурд. “Миллионере аз вайрона” достони зиндагии ятиме дар Ҳинд аст, ки дар ниҳоят дар даври ниҳоии сабқати “Кӣ миллионер шудан мехоҳад?” пирӯз мешавад. Филми исроилии “Рақс бо Башир” беҳтарин филми хориҷӣ дониста шуд. Миккӣ Рурк барои иҷрои нақши асосӣ дар филми “Гуштигир” ҷоизаи “Кӯрраи тилоӣ” барои беҳтарин ҳунарманди мардро ба даст оварда, беҳтарин ҳунарманди зан Кейт Уинстлетт эътироф шуд. “Кӯрраи тилоӣ” охирин имтиҳон қабл аз эътои ҷоизаҳои “Оскар”, маъруфтарин ҷоизаи синамои Ҳолливуд, дониста шуда, одатан ҳамон филмҳое, ки “Кӯраи тиллоӣ”-ро бурдаанд, ба “Оскар” низ даст хоҳанд ёфт.
XS
SM
MD
LG