Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду бародар бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Амрико


Ҷангиёни эҳтимолан толиб дар манотиқи қабиланишини бо Афғонистон ҳаммарзи Покистон ду нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Амрико қатл кардаанд. Тайи ду ҳафтаи охир дар вилояти Вазиристони шимолӣ дасти кам 10 нафар бо айни иттиҳом ба қабл расонда шуданд. Як мақоми маҳаллӣ гуфт, ҷасади бародарон Раҳмон Рауф Хаттаки 25-сола ва Исфандиёр Хаттаки 30-сола субҳи имрӯз дар бозори шаҳри Миралӣ кашф шуд. Дар пайи оғози амалиёти таҳти раҳбарии Амрико ва суқути давлати Толибон дар Афғонистон дар поёни соли 2001 садҳо тан аз ҷангиёни толибу Ал-Қоида дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG