Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадрҳои ҷамъиятӣ дар вазифаҳои давлатӣ?


Дар миёнаҳои солҳои 1990-ум, авҷи ҷанги дохилии Тоҷикистон, дар ҷомеаи кишвар мафҳуми созмонҳои ҷамъиятӣ ё ташкилоти ғайридавлатӣ арзи ҳастӣ кард, ки ҳадафашон ироаи кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ҷангзада, боло бурдани фарҳанги баробарии ҷинсиятӣ, кӯмак ба кӯдакон ва ғайра буд. Садҳо созмон, аксарият бо пуштибонии молии ташкилоти байналмилалӣ дар кунҷу канори кишвар фаъолияти худро густариш дода, ҳамин гуна, ҳазорҳо нафари баъди суқути Шӯравӣ бекоршударо низ бо ҷои кор таъмин карданд.

Вале дар зеҳни бисёр кормандони сохторҳои давлатӣ ташкилоти ғайридавлатӣ ҳаммазмун бо истилоҳи "зиддиҳукуматӣ" буд ва аз ҳамин хотир, гоҳо барномаву пружаҳои онҳо начандон ҷиддӣ ва баъзан бо шакку шубҳа қабул мешуд. "Онҳо ба хотири гирифтани грант кор мекунанд", мегуфтанд бисёриҳо. Ин дар ҳолест, ки принсипи аслии бахши сеюм, яъне сектори ҷамъиятӣ дар эҷоди ҳамкории наздик миёни сохторҳои давлатӣ, органҳои ҳифзи қонун, бахши сармоягузориву тиҷорат ва ҳам расонаҳои хабарӣ мебошад.

Маркази занони "Умед" дар шаҳри Кӯлоб яке аз собиқадортарин ташкилоти ҷамъиятӣ аст, ки аз оғози таъсисёбиаш дар соли 1997 бо маърифати ҳуқуқии занҳо, мусоидат ба вазъи иҷтимоии онҳо ва касби ҳунар машғул шудааст. Муассиси он Зулайхо Комилова аз назари ҳам фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ аз камтарин раҳбароне буд, ки кори худро дар ин самт бомуваффақият ба роҳ монда, барои занҳои зиёди камсаводу ниёзманди машварату кӯмакҳо кардааст. Муддатест хонум Комиловаро ба вазифаи раиси Кумитаи кор бо занҳои назди ҳукумати Кӯлоб таъин кардаанд, ки аз назари бисёриҳо чун ҳодисаи камназири таъини як корманди созмони ҷамъиятӣ ба вазифаи давлатӣ арзёбӣ мешавад. Хонум Зулайхо Комилова гуфт, ки ба ин вазифа бар асоси озмун таъин шудааст ва он нофаҳмиҳое, ки дар гузашта дар мавриди рисолати созмонҳои ҷамъиятӣ дар зеҳни кормандони давлатӣ ҷо дошт, тадриҷан аз байн меравад.

Имрӯз дар қаламрави минтақаи Кӯлоб ҳудудан 50 созмони ҷамъиятии махсуси масоили занон фаъолият мекунанд ва назар ба гуфтани хонум Зулайхо, ҳамаи онҳо барои тадбиқи барномаҳои муштарак бо Кумитаи кор бо занҳои ҳукумати маҳаллӣ ҷалб шудаанд. Аз хонум Комилова пурсидам, ки оё бо сари як вазифаи давлатӣ омаданаш мустақилият ва озодиеро, ки ҳангоми кор дар созмони ҷамъиятӣ дошт, аз даст намедиҳад? Вай гуфт:

"Не, албатта, ман пеш аз он ки дар ин озмун барои ин вазифа иштирок кардам, хеле ҳам фикр кардам. Ба фикрам, дар ташкилоти ғайриҳукуматӣ кори аз ҳама мушкилро мо иҷро мекардем. Мо дар ҷои холӣ як ташкилот созмон дода, корашро худамон ба роҳ монда, лоиҳаҳо навишта пешниҳод кардем. Дар амалӣ шудани ин лоиҳаҳо чӣ қадар заҳмат кашида бо сарбаландӣ иҷро кардем. Ман аз кор ҳеҷ вақт наметарсам ва умедворам, ки дар ин вазифа низ корамро хуб анҷом дода метавонам".

Аммо ба андешаи аксар ҷомеашиносон дар Тоҷикистон чунин ҳодисаҳо хеле кам ба чашм мехӯрад ва як сабабаш агар дар амиқрафти решаҳои ришвату фасод, хешутаборбозӣ ё непотизм ҳангоми тақсими вазифаҳо бошад, сабаби дигараш дар тафаккур ё одатест, ки аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст. Нуралӣ Давлатов, хабарнигор ва ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, имрӯз ҳам сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон чунин аст, ки вақте як нафар "вориди номенклатура шуд, дигар дар он ҷо мемонад ва фақат аз як ҷо ба ҷои дигар вазифаашро иваз мекунаду тамом". Вай меафзояд, "аслан, ҳама нухбагон ё элитаи мо, аз ҳамон мактаби даврони Шӯравӣ омадаанд, фақат ҳамон таҷрибаро медонанд".

Сардабири нашрияи "Миллат" Адолати Мирзо бо ёдоварӣ аз чанд мавриди ба вазифаҳои давлатӣ ҷалб шудани бархе чеҳраҳои ҷамъиятӣ, мисли Раҳматулло Зойиров, раиси ҳизби сотсиал-демократ, ки як муддат мушовири раисҷумҳур буд, ба вуҷуди мушкилоти дигар дар ин замина таъкид кард:

"Шояд сабабаш ин аст, ки онҳо ҳамчун назарияпардоз беҳтарин мутахассисон бошанд, вале чун онҳо дар аввал мераванд ва дар ниҳодҳои ҳукуматӣ ба кор шурӯъ мекунанд, мутаассифона, он чизе, ки ҷомеа интизор дорад, ба даст намеояд. Ва ё шояд системаи қудратманди карахтшудаи ҳукумат сабаб мешавад, ки ин одамҳои нав ҳам дар он ҳал мешаванд".

Ба фикри аксар рӯшанфикрон, омили дигари ба сохторҳои ҳукуматӣ роҳ наёфтани фаъолони ҷамъиятӣ ва ё намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки бархе нафарони тасмимгиранда эҳтимолан аз омадани мутахассисони тозафикру ҷаҳонгашта, донандагони забону фарҳангҳои дигар ҳарос доранд. Нуралӣ Давлатов дар ин замина гуфт:

"Мо одамҳои кӯҳнапараст ё консерватор ҳастем, ки ба ҳар як чизи наве, ки ба вуҷуд меояд, бо назари шубҳа менигарем. Аз ҳар чизи наве, ки бояд ба вуҷуд ояд, ҳарос дорем. Ҳарчанд дар замони имрӯза раванди ҷаҳонишавӣ бисёр босуръат ҷараён дорад, шояд аз қабул кардани андешаҳои нав, идеяҳои нав мо набояд ҳарос дошта бошем, зеро мо ё мутобиқ мешавем ба замон ё зери фишори сахт қарор мегирем".

Ба ин масъалаҳо Зулайхо Комилова, раиси нави Кумитаи кор бо занҳои ҳукумати Кӯлоб аммо бо хушбинӣ менигарад. Вай дар мисоли кори худ мегӯяд, дар оғоз ҷомеаи суннатии Тоҷикистон мафҳумҳои нави "гендер" ва "баробарии ҷинсиятӣ"-ро бо сахтӣ қабул мекард, ва баъди муддате мардон ҳам дар баробари занон дигар ба семинарҳои гендерӣ ҷалб шуданд. Зулайхо Комилова афзуд, ки яке аз ҳадафҳои аслии вай ин аст, ки ба таври ошкоро ва ҳамаҷониба боз бо гурӯҳҳои мухталифи занон корро ба роҳ монда, дар тарбияи мутахассисону занони сарвар ва баланд бурдани сатҳи дониши духтарони деҳот саҳми амалии худро гузорад.
XS
SM
MD
LG