Дар ҳоле, ки даргириҳо миёни сарбозони исроилӣ ва гуруҳи тундрави Ҳамос дар Ғазза идома дорад, Исроил мегуяд, роҳҳои дипломатии хатми муноқишаро баррасӣ мекунад. Эҳуд Борак-вазири дифоъи Исроил гуфт, барои ҳар ду роҳи ҳал ҳеҷ таззоде вуҷуд надорад. Эҳуд Борак дар бораи чунин роҳҳои дипломатӣ тавзеҳот надод, вале қарор аст Амос Ҷилод-мушовири аршади вай ба зудӣ барои идомаи музокироти Миср ба Қоҳира равад.