Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли гози Руссия ба Аврупо шуруъ мешавад


Укроин санадеро имзо кард, ки тибқи он интиқоли гози Руссия ба Аврупо аз сар гирифта мешавад. Хонум Юлия Тимошенко-нахуствазири Укроин гуфт, вай баъд аз гуфтугу бо Мирек Тополанек-нахуствазири ҷумҳурии Чех дар протокол имзо гузоштааст. Влодимир Путин-нахуствазири Руссия гуфтааст, интиқоли гоз замоне оғоз мешавад, ки санади зарурӣ имзо шавад ва нозирон дар маҳали назорат ҷойҳои худро ишғол кунанд. Руссия, ки дар ин протокол қабл аз Укроин имзо гузошт, мегуфт, ки Укроин аз интиқоли гози Руссия ба Аврупо ҷилавгирӣ мекунад. Вале Укроин инро қабул надорад.
XS
SM
MD
LG