Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посухи артиши Исроил ба изҳороти тунди Салиби Сурх


Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ба дунболи кашфи 4 кӯдаки гурусна дар паҳлуи аҷсоди модарони кушташудаашон дар як минтақаи бамбборшудаи шаҳри Ғаза Исроилро дар нақзи қавонини байналмилалӣ айбдор кард. Салиби Сурхи байналмилалӣ гуфт, Исроил вуруди хадамоти изтирории тиббӣ ба маҳаллро радд карда буд ва коргарони имдодӣ фақат рӯзи чоршанбе, баъд аз 4 рӯзи бамббор, тавонистаанд худро ба Зайтун бирасонанд. Артиши Исроил дар як посухи хаттӣ гуфтааст, ки фаъолиятҳояш ҷиҳати ироаи кӯмак ба мардуми ғайринизомиро бо ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг карда буд ва ҳар навъ иттиҳоми ҷиддӣ бояд таҳқиқ шавад.
XS
SM
MD
LG