Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати ҳазорон тан дар маросими Ошӯро


Шиъамазҳабони дунё рӯзи чаҳоршанбе маросими Ошӯроро баргузор карданд, ки маросими сӯгворӣ бар марги Имом Ҳусайн набераи Ҳазрати Муҳаммад аст. Ҳудуди якуним миллион нафар аз зойирони шиъамазҳаб дирӯз дар шаҳри Карбалои Ироқ, дар маросими Ошӯро ширкат карданд, ки Имом Ҳусайн соли 680 милодӣ дар набарде дар он шаҳр шаҳид шуд. Бисёре аз зойирон ба шонаву сару синаи худ занҷир мезаданд, ки тақлид аз ранҷ кашиданҳои Имом Ҳусайн аст. Дар Эрон низ маросимҳои шабеҳ баргузор шуд ва дар шаҳри Бейрути Лубнон даҳҳо ҳазор нафар дар маросими Ошӯро ҷамъ омада ва юриши Исроил ба Навори Ғаззаро маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG