Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотимаи сафари Зардорӣ ба Афғонистон


Маҳмуд Қурайшӣ - вазири умури хориҷаи Покистон мегӯяд, эъломия дар мавриди ҳамкории Покистон Афғонистон “чархиши муҳиме” дар муносиботи аксаран печидаи ду кишвар мебошад. Эъломияи мазкур рӯзи чаҳоршанбе зимни нахустин сафари раиси ҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ ба шаҳри Кобул имзо шуд. Дар ин эъломия Афғонистону Покистон аҳд додаанд, ки алайҳи тундгароӣ дар марзҳои муштараки худ мубориза мекунанд ва ҳамчунин дар арсаҳои сиёсат, рушду тиҷорат ва маориф ҳамкориро тақвият медиҳанд. Осиф Алӣ Зардорӣ пеш аз бозгашташ ба Покистон дар рӯзи гузашта, ду маротиба бо Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон мулоқот кард.
XS
SM
MD
LG