Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори радиои Озодӣ дар Кулоб лату куб шуд


Дар шаҳри Кулоб Абдулмуъмин Шерхонов-хабарнигори радиои Озодӣ аз тарафи афроди номаълум мавриди лату куб қарор гирифтааст. Ин рузноманигор дар гузашта сардабири нашрияи "Пажвок" буд ва то ҳол мақолаҳояшро дар ин нашрия чоп мекунад. Шерхонов мегуяд, ин ҳодиса ба фаъолияти рузноманигории вай иртибот дорад. Қабл аз ин ҳодиса вай дар нашрияи "Пажвок" мақолае ба нашр расонда, бетафовутии кормандони пулиси шаҳр ба шикояти донишҷудухтарони Хобгоҳи Донишгоҳи Кулобро мавриди интиқод қарор додааст. Шерхонов таъйид мекунад, ки яке аз ҳамлакунандагон дар либоси ғайринизомӣ қабл аз лату куб ба вай ҳуҷҷати корманди пулисро нишон додааст. Аммо пулиси шаҳрӣ мегуяд, ки ҷустуҷуи ҷинояткорон идома дорад. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рузноманигорон ва дифоъ аз ҳуқуқи башар ин ҳодисаро сахт маҳкум кардаанд ва хостаанд, ҷинояткорон ба муҷозот кашонда шаванд.

XS
SM
MD
LG