Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз низоъ дар Ғазза сахт нигарон аст


Барак Обама- раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико гуфт, аз низоъ дар Навори Ғазза “амиқан нигарон” аст, аммо афзуд ӯ, дар иртибот ба авзоъ беш аз ин чизе намегӯяд, зеро ҳанӯз ҳам Ҷорҷ Буш раиси ҷумҳури Амрикост. Барак Обама ҳамчунин гуфт, талафоти мардуми ғайринизомӣ дар Ғазза ва Исроил мояи нигаронии амиқ аст ва ӯ ҳамарӯза авзоъро мушоҳида мекунад. Вай ваъда дод,ки пас аз адои савганд дар рӯзи 20 январ ҳукумати нави ӯ фавран дар пайи ҳалли муноқишаи Ховари Миёна хоҳад шуд. Барак Обама таъкид кард, ки то замони расидани ӯ ба мақоми раиси ҷумҳур, Ҷорҷ Буш аз номи ҳукумати Амрико ва мардуми он кишвар дар арсаи байналмилалӣ сухан хоҳад гуфт.
XS
SM
MD
LG