Пайвандҳои дастрасӣ

18 давлат баррасии масъалаҳои энержиро дархост карданд


18 давлати узв дар Созмони Милали Муттаҳид ба раиси Маҷмаъи умумии ин созмон пешниҳод карданд, дар иҷлоси он масъалаҳои истифодаи оқилона ва сарфакоронаи энержӣ баррасӣ шавад. Маркази хабарии Созмони Милал мегӯяд, дар номаи худ ин кишварҳо зарурати огаҳӣ, табодули иттилоъ ва таҷрубаро дар истифода аз захираҳои энержӣ ҳаётан муҳим шумурдаанд. Дар ҳоле ки ин масъаларо аз ҳама ҷиддитар Беларус дар миён гузоштааст, кишварҳои дигар, монанди Лаҳистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Венесуэла, Ҳиндустон, Дания ва ғайра аз он пуштибонӣ ва номаи дастаҷамъонаро имзо кардаанд.
XS
SM
MD
LG