Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтумин рӯзи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза


Ҳарбиёни Исроил тасдиқ карданд, ки имрӯз зарбаҳои ҳавоӣ ба иншооти Ҳамасро дар Навори Ғазза идома дода, дар рӯзи ҳафтуми ин ҳамлаҳо бомбаборонро ба қаламравҳои соҳилӣ вусъат додаанд. Рӯзи панҷшанбе, дар рӯзи шашуми ҳамлаи Исроил аз зарбаи ҳавоӣ ба урдугоҳи паноҳандагони Ҷабалия яке аз раҳбарони сатҳи аввали Ҳамас, Низор Район, чаҳор ҳамсар ва чандин фарзанди ӯ ба ҳалокат расиданд. Исроил мегӯяд, дар ин байн ситезаҷӯёни Ҳамас ба қаламрави Исроил даҳҳо мушак партофтанд, аммо аз талафоте хабар дода нашудааст. Дар авҷи фишори байнулмилалӣ Исроил нерӯ ва тонкҳояшро дар марзи Навори Ғазза гирд овардааст ва ба ҳамлаҳи эҳтимолии заминӣ омодагӣ мегирад. Вазири умури хориҷии Исроил Тзипӣ Ливнӣ гуфт, кишвараш мақсад дорад, ҳамларо то замоне идома диҳад, ки мусаллаҳони Ҳамас мушакпаронӣ ба Исроилро қатъ кунанд. Амалиёти Исроил дар Навори Ғазза, тибқи хабарҳо, зиёда аз 400 кушта ба ҷой гузошт. Созмони Милал ҳадс мезанад, ки наздик ба 25 дарсади кушташудагон аз аҳолии осоишта мебошанд.
XS
SM
MD
LG