Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Словакия аз 1-уми январ ба қаламрави евро медарояд


Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо аз нишондодҳои иқтисодии Словакия истиқбол карданд. Ин дар ҳолест, ки баъд аз ду руз, яъне аз якуми январ ин кишвар вордии қаламрави ягонаи истифодаи евро-пули воҳиди Аврупо мешавад. Бад-ин тариқ Словакия 16-умин кишвар хоҳад буд, ки истифодаи евро дар қаламрави худро ба расмият медарорад. Гузашта аз ин, Словакия нахустин кишвари узви паймони Ворсов ё Вашава хоҳад буд, ки ба қаламрави истифодаи евро мепайвандад.
XS
SM
MD
LG