Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Райс аз ташаннуҷи байни Ҳинду Покистон нигарон аст


Кондолиза Райс-вазири умури хориҷии Амрико аз ташдиди муносибот миёни Ҳиндустону Покистон изҳори нигаронӣ кардааст. Хонум Райс ҳангоме, ки бо Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон ва Пранаб Мукҳерҷӣ-вазири хориҷаи Ҳиндустон телефонӣ суҳбат мекард, аз ҷонибҳо хост аз ташдиди муносибот эҳтиёт кунанд. Як моҳ пеш дар Мумбаи Ҳиндустон ҳамлаҳои террористӣ анҷом гирифт ва Ҳиндустон мегуяд, дар ин ҳамлаҳо тундравҳои исломии Покистон даст доранд.
XS
SM
MD
LG