Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали рус дар Доғистон захмӣ шуд


Рӯзи душанбе мошини генерал Валерий Липинский-афсари аршади рус дар Доғистон ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт ва худи генерал сахт захмӣ шуд. Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, Липинский-муовини фармондеҳи нируҳои Вазорати умури дохилии Русия дар Қафқози Шимолӣ аз ҷароҳати тир дар бемористон даргузаштааст. Аз ҷумла, РИА Новости гузориш додааст, мошини Липинский дар ҳоле тирборон шудааст, ки аз маркази шаҳри Махачқалъа-маркази Доғистон ҳаракат мекардааст.
XS
SM
MD
LG