Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сталин шахсияти севвуми торихи Руссия дониста шуд


Дар натиҷаи як назархоҳӣ тавассути телвизюни давлатии Руссия Иосиф Сталин-дикатори Иттиҳоди Шуравии собиқ севвумин шахсияти торихии Руссия дониста шудааст. Ин назархоҳӣ дируз ба поён расид. Гуруснагӣ дар Шуравӣ ва поксозии ҷомеъа ба истилоҳ аз "душманони халқ" бо солҳои ҳокимияти Сталин ҳамроҳ будааст. Дар мақоми аввал Александр Невский раҳбари низомии қуруни вустои Руссия ва дар мақоми дуввум Пётр Столипин-реформисти қарни 20-уми Руссия қарор гирифтаанд. Ин назархоҳии сартосарӣ беш аз шаш моҳ давом кард ва дар он 50 милиён нафар ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG