Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Ғазза кӯмакҳои башарӣ фиристоданд


Баъд аз он ки Исроил сарҳадаш бо Навори Ғаззаро боз кард, ҳудуди 100 мошини боркаш бо кӯмакҳои башардӯстона вориди ин минтақа шуд. Дар зарфи даҳ рӯзи ахир бори аввал аст, ки Исроил иҷоза дод, то ба якуним миллион нафар аҳолии Навори Ғазза кӯмакҳои башардӯстона расонида шавад. Интиқоли кӯмакҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки тирандозӣ ва партоби мушакҳо аз ин маҳал идома кард ва аз ҷумла бар асари партоби як мушак аз тарафи созмони Ҳамос дар шимоли Навори Ғазза дар ин ҷо ду кӯдак тасодуфан кушта шуд.
XS
SM
MD
LG