Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Евпатория дар инфиҷоре 24 нафар кушта шудаанд


Дар Укроин дар шаҳраки Евпатория дар каронаи Баҳри Сиёҳ дар натиҷае инфиҷори шадиде дар як бинои панҷтабақа дастикам 24 нафар кушта шудаанд. Бино ба хабарҳо, ин инфиҷор дар натиҷаи хуруҷи гоз ба вуқуъ пайвастааст. Мақомот мегуянд, бими он меравад, ки шумораи афроди кушташуда бештар бошад. Ҷустуҷуи одамони зери овор идома дорад. 35 хонаи ин бино дар инфиҷор хароб шудааст.
XS
SM
MD
LG