Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш ҳаёти 19 украиниро аз байн бурд


Президенти Украина Виктор Юшенко эълон кард, ки фардо-26-уми декабр ба ёди қурбониҳои таркиш дар хонаи истиқоматии шаҳри Евпаторияи соҳили баҳри Сиёҳ дар ин кишвар рӯзи мотам хоҳад буд.

Инфиҷор ҳаёти 19 нафарро аз байн бурд. Сарнавишти 10 каси дигар то ҳол ошкор нашудааст.

Рӯзи панҷшанбе президенти Украина ҳамроҳ бо сарвазири ин кишвар хонум Юлия Тимошенко аз ҷои ҳодиса зиёрат карданд.

Дар шаҳри Симферопол Тимошенко бо такя ба маълумоти пешакӣ ба хабарнигорон гуфт, ки таркишро балонҳои оксиген ва атсетилен ё худ ҳидрокарбон (С2Н2), ки дар таҳхонаи бино нигаҳдорӣ мешуданд, ба амал овардаанд.

Президенти Русия Дмитрий Медведев ба Украина ҳамдардӣ баён намуда, афзудааст, ки Флоти баҳри Сиёҳи Русия ҳозир аст дар амалиёти наҷот кумак расонад.
XS
SM
MD
LG