Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Генерали амрикоӣ: Вазъ дар Ироқ ҳануз шикананда аст


Генерал Рей Одиерно-фармондеҳи аршади нируҳои Амрико дар Ироқ гуфт, то ҳол имкони ташдиди хушунат дар Ироқ боқӣ мондааст. Генерал Одиерно ба рузноманигорон изҳор дошт, дар ин кишвар хатари Ал Қоъида, имкони мудохилаи Ирон ва муноқишаҳои ҳалнашудаи сиёсӣ вуҷуд дорад. Аммо вай гуфтааст, як силсила интихобот дар Ироқ дар соли 2009, аз ҷумла интихоботи вилоятӣ дар моҳи январ ва интихоботи сартосарӣ дар охири сол нишон хоҳад дод, ки Ироқ аз чӣ роҳе метавонад амнияти бештари худро таъмин кунад.

XS
SM
MD
LG