Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко Тимошенкоро ба буҳрон муттаҳам медонад


Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Укроин хонум Юлия Тимошенко-нахуствазири ин кишварро муттаҳам кардааст, ки вай натавонистааст роҳҳои ҳали буҳрони иқтисодии Укроинро биёбад. Оқои Юшенко дар мусоҳибае бо шабакаи телвизюнии Интер беш аз 20 дарсади таварруми пулро гуноҳи хонум Тимошенко донистааст ва гуфтааст вай натавонистааст вориди равандҳои иқтисодиву иҷтимоъии Укроин шавад. Ин суханони раиси ҷумҳур дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд рузи пеш хонум Тимошенко истеъфои Виктор Юшенкоро тақозо кард ва гуфт, ҷоҳталабиҳои шахсии раиси ҷумҳур аз манофеъи кишвар боло гирифтааст ва сабаби поин рафтани "Ҳривна "-арзиши пули миллии Укроин шудааст. "Ҳривна" дар давраи буҳрони сартосарии молӣ тақрибан нисфи арзиши худро аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG