Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон ҳузури нирӯҳои хориҷиро тамдид накард


Парлумони Ироқ тарҳи қонунеро, ки бар изофаи ҳузури нирӯҳои Амрико будубоши нирӯҳои кишварҳои дигар дар ин кишварро баъд аз анҷоми соли ҳолӣ низ иҷозат медод, радд кард. Тарҳи мазкур замони ҳузури нирӯҳои кишварҳои дигар дар Ироқро то моҳи июли соли оянда тамдид мекард. Парлумони Ироқ инак бори дуввум аст, ки тарҳи ин қонунро радд мекунад. Баъд аз Амрико дуввумин нирӯи бузургро дар Ироқ Бритониё дорад, вале сарвазири Бритониё Гордон Браун ахиран изҳор дошт, ки 4 100 сарбози боқимондаи кишвараш то моҳи июли соли оянда аз Ироқ берун хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG