Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути Салоҳиддинро ба Душанбе меоранд


Эҳтимол, имрӯз, 16 декабр, тобути Салоҳиддин Азизов, як ҷавони тоҷик, ки дар Маскав аз тарафи сартарошидаҳои рус ваҳшиёна ба қатл расид, ба Душанбе оварда хоҳад шуд.

Наздикони Салоҳиддин аввал тани бесари ӯро пайдо намуданд, сипас баъд аз ду рӯз дар як партобгоҳ сари бетани ӯ ёфт шуд.

Бародари Салоҳиддин, Вазир Азизов гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд тобути Салоҳиддин худи ҳамин рӯзи сешанбе, 16 декабр ба Душанбе интиқол дода хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо пахши як иттилоия таъкид кардааст, ки сафорати Русия аз амали хуношоми фашистони рус мутаассир буда, ба наздикони Салоҳиддин Азизов изҳори тасаллият мекунад.

Сафорати Русия аз мардуми Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки дар баробари чунин амали ваҳшиёна ботаҳаммул ва хештандор бошанд. Бино ба иттилои Сафорати Русия, дар ҳоли ҳозир, дар Маскав ҷиҳати ошкор кардани ҳодисаи куштори шаҳрванди Тоҷикистон як ситоди муттаҳида таъсис шудааст. Ба маълумоти ҳамин сафорат, дар панҷ соли охир ҳодисаҳои марбут ба таъқибу қатлу куштори шаҳрвандони Тоҷикисон дар Русия ду маротиба афзудааст. Сафорати Русия ҳамчунин гуфтааст, шуморе аз ҷиноятҳо бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби худи тоҷикон содир мешаванд. Сафорати Русия дар мавриди ҷиноятҳои тоҷикон дар Русия гуфтааст, ин теъдод дар панҷ соли ахир ду баробар афзудааст. Аз ҷумла, 73 куштор ва 50 таҷовуз ба номус дар соли 2007.

Бино бар иттилоъи сомонаи фурудгоҳи «Домодедодов»-и шаҳри Маскав парвози рақами 7J 628 имшаб, соати 23:15 ба вақти Маскав парвоз хоҳад кард ва фардо субҳи 17 декабр соати 5:20 ба вақти Душанбе ‎фуруд хоҳад ‎омад. ‎

XS
SM
MD
LG