Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ду узви дигари давлаташро муаррифӣ мекунад


Қарор аст, имшаб раисиҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама масъули соҳоти энержӣ ва муҳити зист дар давлати ояндаашро муаррифӣ кунад. Интизор меравад, Обама ба симати вазири энержӣ барандаи ҷоизаи Нобел дар илми физика Стивэн Чу ва ба мақоми Шӯрои вижае, ки ба масоили тағйири иқлим ва энержӣ хоҳад пардохт, раҳбари собиқи Ожонси ҳимоят аз муҳити зист Кэрол Браунерро пешбарӣ кунад. Стивэн Чу аз тарафдорони сарсахти назорат бар мизони партоби газҳои гулхонаист, ки донишмандон як иллати аслии гармшавии ҷаҳонии иқлим ҳамин газҳоро мехонанд.
XS
SM
MD
LG