Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари мухолифин сарвазири Таиланд интихоб шуд


Парлумони Таиланд дар пайи шаш моҳи бебандубориҳо ва беназмиҳои сиёсӣ, ки нуқтаи авҷаш ишғоли фурудгоҳи пойтахт, шаҳри Бангкок, аз ҷониби тазоҳургарон дар моҳи ноябр буд, раҳбари мухолифин Абҳисит Веҷҷаҷиваро сарвазири ҷадиди ин кишвар интихоб кард. Ба ин тартиб, Таиланд тайи чанд моҳи охир инак бори севвум аст, ки раиси кобинаи вазиронашро иваз мекунад. Сарвазири пешини Таиланд ду ҳафта пеш бо ҳукми Додгоҳи Қонуни Асосӣ аз мақом барканор шуд. Раъйгирии имрӯза дар парлумон дар ҳоле мегузашт, ки як издиҳоми тарафдорони сарвазири собиқ дар атрофи сохтмони парлумон даст ба тазоҳурот зада, талош доштанд, монеъи кори парлумон шаванд.
XS
SM
MD
LG