Пайвандҳои дастрасӣ

Миср:Эрон мехоҳад дар Ховари Миёна нақши калидӣ бозад


Абдулғейт -вазири умури хориҷии Миср Иронро муттаҳам кард, ки талош дорад дар Ховари Миёна нақши таъйинкунанда бозӣ кунад. Бо ишора ба гуруҳи исломгарои Ҳамос вазири хориҷаи Миср гуфт, Теҳрон баъзе фаластиниҳоро барои ҳадафҳои Ирон истифода мекунад. Қабл аз ин Абдулғейт-вазири умури хориҷии Миср Ҳошимии Рафсанҷонӣ-собиқ раиси ҷумҳури Эронро мазаммат кард, ки вай аз Миср интиқод кардааст, ки ба даъвати Ирон гуш надодааст ва марзашро дар минтақаи Рафаҳ бар руи фаластиниёни Навори Ғазза боз накардааст.

XS
SM
MD
LG