Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО бо ҳамсояҳои Афғонистон музокира мекунад


Генерал Дэвид мак Киернан-фармондеҳи нируҳои НАТО дар Афғонистон мегуяд, нируҳои эътлофи байналмиллалӣ бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Шимол машғули музокира ҳастанд, то ҳамлу нақли бор ба нируҳои эътлофро аз қаламрави кишварашон иҷоза диҳанд. Вай дируз дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, бештари маводи сухт ба нируҳои НАТО дар Афғонистон ҳоло тавассути қаламрави Узбакистону Туркманистон интиқол дода мешавад. НАТО дар баробари роҳҳои Покистон, ки ҳафтаи гузашта тундравҳо дар он ҷо садҳо мошини ҳомили маводу колоро ба оташ кашиданд, роҳҳои алтернативии интиқоли маводу колоро ҷустуҷу мекунад.
XS
SM
MD
LG