Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия як деҳаи Гурҷистонро аз нав ишғол кард


Гурҷистон мегӯяд, садҳо сарбози рус дубора ба рустои гурҷинишини мавриди баҳс дар марзи миёни Осетияи Ҷанубӣ ва Гурҷистон баргаштанд. Намояндаи Вазорати умури дохилии Гурҷистон Шота Уташвилӣ гуфт, нерӯҳои Русия полиси гурҷиро аз рустои Перевӣ берун ронданд. Нозирони Иттиҳоди Аврупо дар ин минтақа мегӯянд, Маскав нерӯҳои зиёдеро дар Перевӣ ҷобаҷо мекунад. Ин ҳам дар ҳоле ки Русия рӯзи ҷумъа нерӯҳояшро аз ин деҳа ақиб кашида буд.
XS
SM
MD
LG