Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ҷонибдорони "Ал-Қоида" дар Белгия


Додгоҳи Белгия алайҳи шаш гумонбар дар иртибот бо "Ал-Қоида" аз рӯи банди “ширкат дар гурӯҳи террористӣ” иттиҳом эълон кард. Амалиёти вижаи полис барои боздошти гумонбарони терроризм дар шаҳрҳои Брюсел ва Лиеже дар арафаи нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо доир шуд. Ҳашт тан аз боздоштшудагон бо ҳукми додгоҳ озод карда шуданд, зеро барои муттаҳам кардани онҳо далели қотеъ мавҷуд набуд. Лив Пелез, сухангӯи додситони федеролии Белгия гуфт, ки ҳама боздоштшудаҳо, ба шумули Малика Ал-Роуд, ягона зан дар ин гурӯҳ, шаҳрванди Белгия мебошанд. Ӯ афзуд, ки шавҳари аввали хонум Ал-Роуд соли 2001 дар амалиёти сӯиқасд ба ҷони фармондеҳи маъруфи афғон Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳалокат расида буд.

XS
SM
MD
LG