Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи машкук шаш покистонӣ кушта шуданд


Бино ба гузоришҳо, дар як ҳамлаи машкуки нируҳои Амрико шаш нафар дар марзи миёни Покистону Афғонистон дар қаламрави Покистон кушта шудаанд. Ҳуввияти афроди кушташуда маълум нашудааст. Баъзе афроди расмии Покистон, ки аз бурдани номашон худдорӣ мекунанд, гуфтаанд, ки ин ҳамла дар деҳи Аъзам Варсаки Вазиристони Ҷанубӣ анҷом гирифтааст.
XS
SM
MD
LG