Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 133 кило ҳероин дар Омск


Хабаргузории русии “Интерфакс” менависад, ки мақомоти Русия дар ҳошияи шаҳри Омск 133 кило ҳероин кашф ва мусодира кардаанд. Тамара Рошина, сухангӯи бахши вилоятии Хадамоти назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия, гуфтааст, дар ҷараёни ин амалиёт дар поёни ҳафтаи гузашта 2 зодаи Тоҷикистон, ки яке шаҳрвандии Русияро дорад, ва як шаҳрванди Русия боздошт шудаанд. Тамара Рошина гуфтааст, 65 кило ҳероин аз бордони як мошин ва 68 килои дигар аз як гаражи марбут ба аъзои ин гурӯҳи қочоқбар мусодира шуд.
XS
SM
MD
LG