Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имруз раҳбарони Аврупо дар Бруксел мулоқот мекунанд


Имруз дар Бруксел мулоқоти ахири раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар соли ҷорӣ баргузор мешавад. Роҳҳои ҷилавгирӣ аз гармоиши сайора ва ҷилавгирӣ аз буҳрони сартосарии молӣ дар сархати дастури рузи мулоқоти раҳбарони Аврупо қарор дорад. Интизор меравад, ки онҳо барои рушди иқтисоди кишварҳои узв 260 милиярд доллари иловагӣ ба тасвиб расонанд. Хосе Мануэл Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо гуфт, агар Аврупо мавзеъгирии худро дар қиболи гармоиши сайора заъиф кунад, ба иштибоҳи воқеъӣ дучор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG