Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз ришвахории волии Иллинойс муттаассиф аст


Барак Обама-раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико мегуяд, вай аз идаъо дар бораи ин, ки волии аёлати Иллинойс Род Благоевич талош кардааст, курсии сенатрории ин аёлатро фурушад, хеле муттаассиф аст.

"Ман бо волӣ ё бо дафтари вай тамос надорам ва ҳамин гуна ман намедонам, ки чӣ мегузарад"

Мақомоти федеролии Амрико дируз Род Благоевич-волии демократи аёлати Иллинойси Амрикоро ба иттиҳоми задубанди ришвахорӣ боздошт карданд. Вай талош доштааст, як курсии холишудаи Сенати Амрикоро, ки то ҳол Барак Обама-раиси ҷумҳури мунтахаб ишғол мекард, ба шахси мавриди назари худ бифурушад. Эф Би Ай ё Дафтари Федеролии Бозрасӣ мегуяд, гуфтугуҳои телефонии Благоевичи 51 сола сабт шудааст ва гуфта мешавад, вай барои даромади худ ва хонумаш Паттӣ хостааст ба истилоҳ "пул кор кунад". Обама мегуяд, вай хеле муттаассиф аст ва аз ин кор хабаре надорад. Ҷон Ҳаррис-раиси дафтари волии аёлат низ боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG