Пайвандҳои дастрасӣ

Гедмин аз мавқеъи Қирғизистон изҳори таассуф кард


Ҷефрӣ Гедмин, раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ аз идомаи манъи барномаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар қаламрави Қирғизистон изҳори таассуф ва тааҷҷуб кард. Ба гуфтаи ӯ, Ширкати миллии телевизион ва радиои Қирғизистон авоили моҳи октябр бо далели аз сӯи Радиои Озодӣ иҷро нашудани ӯҳдадориҳои молӣ пахши барномаҳои бахши қирғизиро мутаваққиф карда буд. Ва аммо баъд аз ҳаллу фасли ин мушкил низ монеъа дар пахши барномаҳои Радиои Озодӣ ҳамоно боқӣ мемонад. Ба гуфтаи Ҷефрӣ Гедмин, "мавқеъи мақомоти Қирғизистон бо изҳороти онҳо дар бораи арҷгузорӣ ба озодиҳову ислоҳоти демократӣ мутобиқ нест".

XS
SM
MD
LG