Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Ҷон Маккейн аз ҳукумати Покистон


Ҷон Маккейн - номзади собиқ ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико зимни боздид аз шаҳри Исломобод аз ҳукумати Покистон даъват кардааст, то бо андешидани тадобир монеъи афзоиши танишҳо бо Ҳинд шавад. Баъди ҳамлаҳои хунин ба шаҳри Мумбай, ки Ҳиндустон унсурҳое дар Покистонро масъули он ҳамлаҳо медонад, танишҳо миёни ду кишвар авҷ гирифтанд. Ҷон Маккейн бо чанде аз вакилони ҳамкораш аз сенати Амрико, рӯзи шанбе бо нахуствазир Юсуф Ризо Гелонӣ сари ин мавзӯъ сӯҳбат кардааст. Дар ҳамлаҳои серӯза ба шаҳри Мумбай 171 нафар, аз ҷумла шаш амрикоӣ ҳалок шуданд ва ҳукумати Ҳинд ин терроро кори дасти тундравони исломие хонд, ки дар Покистон паноҳ мебаранд. Аммо Покистон бо маҳкум кардани ҳамлаҳо гуфт, ҳеҷ яке аз ниҳодҳои ҳукуматии он кишвар ба ҳамлаҳо даст надоранд.
XS
SM
MD
LG