Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони Амрико аз Кобул дур намераванд


Рӯзномаи мӯътабари “Ню Йорк Таймс” гузориш додааст, аксари сарбозони Амрико, ки интизор меравад, моҳи оянда ба Афғонистон фиристода шаванд, дар гирду атрофи Кобул мустақар хоҳанд шуд. Ин амрро баёнгари нигарониҳои Амрико аз осебпазирии пойтахти Кобул дар баробари афзоиши ҳамлаҳои Толибон арзёбӣ кардаанд. Бар асоси гузориши Ню Йорк Таймс, як воҳиди аз севуним то чаҳор ҳазор нафарии сарбозони Амрико моҳи январ ба Афғонистон эъзом мешавад. Румӣ Нелсон Грин – сухангӯи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон гуфт, қисми зиёди ин нерӯҳо ба вилоятҳои Луғар ва Вардак наздик ба шаҳри Кобул ва чандсад сарбози боқимонда ба манотиқи шарқии ҳаммарз бо Покистон фиристода хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG