Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишаст барои интихоби усқуфи нави Русия


Шӯрои олии калисои ортодокси Русия имрӯз гирди ҳам меояд, то усқуфи аъзами муваққати ин кишварро интихоб намояд. Алексии дуввум усқуфи аъзами Маскав ва тамоми Русия рӯзи ҷумъа дар синни 79- солагӣ даргузашт. Ҷасади Алексийи дуввумро, ки вай тайи тақрибан се даҳсола раҳбари бузургтарин калисои ортодокси ҷаҳон буд, имрӯз барои видоъ дар Калисои Ҷомеъи Исои Наҷотбахш дар шаҳри Маскав мегузоранд. Интизор меравад, ки Алексийи дуввумро рӯзи сешанбе 9 декабр ба хок бисупоранд. Дар маросими дафни ӯро раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва нахуствазир Владимир Путин ширкат хоҳанд кард. Барои нақшаш дар зиндагии русҳо, пас аз суқути шӯравӣ дар соли 1990 Алексийи дуввум усқуфи аъзами Русия интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG